Ссылки доступа

Роҳбари КДАМ Қирғизистон гуфт, чаро созишномаи марзӣ бо Узбекистон бояд пушти дарҳои баста баррасӣ шавад


Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Қамчибек Тошиев рӯзи 10 октябр дар порлумони он кишвар созишномаи марзӣ бо Узбекистонро шарҳ медиҳад.

Тошиев ба вакилон тазаккур дод, ки санад на барои имзо, балки барои шиносоӣ муаррифӣ мешавад.

"Бисёрии онҳое, ки инҷо ҳузур доранд, ба санадҳои сиррӣ дастрасӣ надоранд, аз ҳамин хотир сабти ин ҷаласа манъ аст. Ман дар бораи ин санад муфассал шарҳ медиҳам, ки оё ин ба нафъи Қирғизистон ҳаст ё не. Аммо ҳамаи ин иттилоъ бо хоҳиши мо набояд ҳоло паҳн шавад. Баъди имзои созишнома аз сӯи ду президент ҷузъиёти он шарҳ дода мешавад", - гуфт Тошиев.

Пахши мустақим аз порлумони Қирғизистон ҳангоми суханронии Тошиев қатъ карда шуд.

Пештар аз ин Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки "99% қитъаҳои баҳсӣ ба нафъи Қирғизистон ҳал шудаанд". Вай афзуд, ки "ба порлумон дастур додааст, масъалаи мазкур ошкоро баррасӣ шавад".

Охири моҳи сентябр расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки ҳайатҳои Узбекистону Қирғизистон дар мавриди муайянсозӣ ва аломатгузории марз санад имзо карда, ба ин тартиб барои муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марзи ду кишвар замина гузоштаанд. Баъди ин дар ҷомеаи Қирғизистон дар мавриди ба ҷониби Узбекистон додани обанбори Кампиробод сару садо паҳн шуд.

XS
SM
MD
LG