Ссылки доступа

Дар Туркманистон довталабонро намегузоранд, аввал таҳсил ва баъд хидмати ҳарбӣ кунанд


Раванди ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии туркманистониҳое, ки мехоҳанд, дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил кунанд, то рафт дар он кишвар мушкилтар мешавад.

Қабули дархости довталабон дар комиссариатҳои ҳарбии Туркманистон барои ба таъхир гузоштани хидмат дар саффи қувваҳои мусаллаҳ қатъ шуда, волидон огаҳинома мегиранд, ки фарзандони худро ҳатто аз донишгоҳҳои хориҷӣ баргардонанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар вилояти Балкани Туркманистон ҳатто довталабонро ҳангоми пешниҳоди дархост ба комиссариатҳои ҳарбӣ боздошт ва ба хидмат ҷалб мекунанд.

Як манбаъ дар шаҳри Туркманбошӣ гуфт, давоми як ҳафтаи ахир даҳҳо кас ба комиссариати ҳарбии шаҳр барои ба таъхир гузоштани хидмат дархост пешниҳод кардааст, вале ҳудуди 50 нафар ҷавоби рад гирифт.

XS
SM
MD
LG