Ссылки доступа

Дар Қазоқистон марги сарбозро дубора тафтиш мекунанд


Додгоҳи низомии шаҳри Алматои Қазоқистон хост, марги сарбоз Алибек Калбайи 18-сола, ки баъди чаҳор рӯзи хидмат дар қисми низомии вилояти Ҷамбул ҷон бохт, дубора тафтиш карда шавад.

Ба иттилои хабаргузории маҳаллии "Orda.kz", айбдоршаванда ва ҷониби ҷабрдида бо натиҷаҳои тафтишот розӣ нестанд ва дархост кардаанд, ки тафтишот дубора анҷом шавад.

Додгоҳ баррасии парвандаро 17 августи имсол оғоз карда буд ва то ба имрӯз 17 мурофиа баргузор гашт.

Бино ба маълумоти тафтишот, Калбай як рӯз пеш аз марги худ бо сарбоз Амонжолов ҷанҷол карда, осеб дидааст. Гумонбар бо ин иддао розӣ нест ва вакили дифои ӯ Сержан Пралиев гуфт, тафтишот шаффоф гузаронида нашудааст.

Пайвандони сарбози ҳалокшуда мегӯянд, аз ин ки дар курсии айбдорӣ як кас нишастааст, розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG