Ссылки доступа

Нархи роҳкиро дар нақлиётҳои ҷамъиятии Бишкек гарон мешавад


Шаҳрдории Бишкек лоиҳаи қарори тағйири нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрро омода кардааст.

Хадамоти матбуотии шаҳрдории пойтахти Қирғизистон гуфтааст, нархи роҳқиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ба далели гароншавии сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ тағйир дода мешавад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати нақлиёт ва рушди зербиноии шаҳрдорӣ Мақсад Нусувалиев, харҷи мусофирбарӣ зиёд шуда, дар корхонаҳои нақлиётӣ норасоии маблағҳо барои пардохти қарзи маоши кормандонро ба вуҷуд овардааст.

Тибқи лоиҳа, интизор меравад, нархи роҳкиро дар автобус ва троллейбусҳои шаҳри Бишкек то 15 сом гарон карда шавад. Ин лоиҳа кай иҷро мешавад, маълум нест.

XS
SM
MD
LG