Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон дархости шартан озод шудани Муродхон Тоқмадиро рад кард


Додгоҳи вилояти Улитауи Қазоқистон дархости шартан озод шудани соҳибкор Муродхон Тоқмадиро, ки дар доираи парвандаи куштори молик ва мудири пешини бонки "ТуранАлем" Ержан Татишев зиндонӣ шудааст, рад кард.

Қарори додгоҳи шаҳри Жезказган, ки гуфта буд, барои пеш аз муҳлат озод шудани соҳибкори қазоқ "асосе вуҷуд надорад" бетағйир гузошта шуд.

Вакилони дифои соҳибкор гуфтанд, шахси зери ҳимояи онҳо ҳақ дорад, ки шартан ва пеш аз муҳлат озод шавад. Зеро ба гуфтаи онҳо, ӯ дар зиндон қонуншикание накардааст ва нисфи муҳлати ҷазояшро адо намудааст.

Муродхон Тоқмадии 56-сола моҳи августи имсол аз додгоҳи Жезказган дархост карда буд, ки ӯро пеш аз муҳлат озод кунад. Додгоҳ ин дархостро рад кард. Тоқмадӣ бо ҷурми даст доштан дар куштори Татишев 10,5 сол зиндонӣ шудааст.

Татишев моҳи декабри соли 2004 дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон кушта шуд ва тафтишот низ он замон ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми шикор дар натиҷаи як ҳолати тасодуфӣ ҷон бохтааст. Вале мақомоти қазоқ баъдан соҳибкор Муродхон Тоқмадиро, ки ҳангоми шикор бо Татишев дар як мошин буд, дар марги ӯ айбдор ва як сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 2017 ин парванда бозбинӣ шуда, Тоқмадӣ гуфт, Татишевро бо фармони Аблязов ба қатл расонд. Дар натиҷа додгоҳ Тоқмадиро моҳи марти соли равон 10,5 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG