Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато эътирозгаронеро боздошт карданд, ки намехоҳанд, Путин ба Қазоқистон ояд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис чаҳор фаъолеро боздошт кард, ки намехоҳанд, Владимир Путин, президенти Русия ба Қазоқистон ояд.

Ин чаҳор тан пушти дари консулгарии Русия дар шаҳри Алмато ҷамъ шуда, ба сафари Путин эътироз карданд. Қарор аст, президенти Русия имрӯз, 12 октябри вориди Қазоқистон шавад.

Пулис эътирозгаронро боздошт ва ба самти номаълум бурдааст. Эътирозгарон дар даст шиор ва парчами Украинаро доштаанд.

Пештар расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки Путин рӯзҳои 12-14 октябр ба Қазоқистон меояд. Корбарони қазоқистонии шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин сафар эътироз доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ, сиёсатшиносон, шаҳрвандони қаторӣ ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум ва бекорсозии сафари Путинро талаб доранд. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, сафари Путин хеле муҳим аст.

XS
SM
MD
LG