Ссылки доступа

Мардум: "Барқ надорем". Мақомот: "Лимит нест". Бебарқӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон аз куҷост?


Боз тирамоҳ ва боз шикоятҳои пайиҳам аз набудани нерӯи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон.

Мардум гила доранд, ки мақомот пули истифодаи барқро саривақт мегиранд, вале бе ягон огоҳӣ онҳоро рӯзонаву шабона аз гармиву рӯшноӣ маҳрум мекунанд. Мақомот чанд соат набудани барқро ба таъмири зеристгоҳҳо ва буридани дарахтон рабт медиҳанд.

"Аз соати ҳашти субҳ то шаши бегоҳӣ барқ надорем. Сабабашро намегӯянд. Ҳаво хунук. Дар хона кӯдак дорем. Нархи ангишт гарон аст. Зиндагӣ то рафт мушкил мешавад," – гуфт Раҷаб Саидов, сокини маҳаллаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат.

Раиси Шабакаҳои тақсими барқи ноҳияҳои тобеи марказ, Хуршед Умаров, қатъи нерӯи барқро дар баъзе аз маҳаллаҳо тасдиқ кард, аммо онро ба "таъмири зеристгоҳҳо, буридани шохи дарахтон ва омодагӣ ба зимистон" пайванд дод. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" низ чанд сол боз ҳамин далелро пеш меоранд.

Сокинону баъзе аз шореҳони иқтисодӣ чунин тафсири вазъро дур аз воқеият хонда, таъкид мекунанд, ки дар маҳалли зисташон ҳеч гуна таъмир ҷараён надорад. Рӯзи 11-уми октябр дар ҳудуди маҳаллаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат ва гӯшаҳои дигари канори пойтахт таъмири зеристгоҳҳои барқӣ ба назар намерасид.

Раиси Шабакаҳои тақсими барқи ноҳияҳои тобеи марказ пойфишорӣ дорад, ки таъмир ҳаст ва ҳамин моҳ ба анҷом хоҳад расид. "Дар ҳавои хуб таъмир мекунем ва баъди расидани хунукӣ бе мушкил барқ медиҳем," – афзуд ӯ.

Ба назари шореҳи иқтисодӣ, Пайрав Чоршанбиев, таъмири зеристгоҳҳои барқӣ пеш аз зимистон анҷом дода мешавад, "вале наметавонад, боиси соатҳо қатъ шудани нерӯи барқ гардад."

Қатъи нерӯи барқ имсол аз охири моҳи сентябр сар шудааст. Ҳабибулло Муҳиддинов, сокини деҳаи Чангоби шаҳри Ҳисор, рӯзи 11-уми октябр гуфт, маҳдудият дар муқоиса ба чанд сол пеш барвақттар дари онҳоро кӯфт.

"Ба идораи ҷамоат рафтам, то маълумотнома бигирам. Гуфтанд, барқ нест. Одам то соати 5 асабӣ мешаванд. Яхдони мағозаҳо аз кор мондаанд, маҳсулот вайрон мешавад. Нархи барқро гарон карданд, вале чаро намедиҳанд?" – суол гузошт ӯ.

Қатъи нерӯи барқ дар хонаҳои мардум бидуни шарҳу огоҳӣ дар ҳолест, ки дар шартнома миёни муштарӣ ва "Барқи Тоҷик" гуфтаанд, пеш аз қатъи он бояд муштарӣ хабардор карда шавад. Ҳуқуқдонҳо рафтори масъулонро "нақзи ҳуқуқи муштариён" арёзбӣ мекунанд.

Қатъи нерӯи барқ на танҳо сокинони атрофи Душанбе, балки навоҳии дигари кишварро низ нигарон кардааст. Сокинони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Кушониёни вилояти Хатлон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзона барқ надоранд. Айни чунин мушкил дар вилояти Суғд будааст.

Раҷабалӣ Бояков, муҳандиси Шабакаҳои барқӣ дар ҷануби кишвар, мегӯяд, "лимит ҷорӣ нашудааст ва қатъи нерӯи барқ нест", вале аз тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Хуршед Умаров, раиси Шабакаҳои тақсими барқи ноҳияҳои тобеи марказ, дар идомаи суҳбат бо мо гуфт, "таъмини нерӯи барқ ба боду ҳаво низ вобастааст. Умед дорем, ҳаво хуб мешавад ва маҷрои дарёи Вахш зиёд мешавад. Камобӣ набошад, Худо хоҳад, маҳдудият ҷорӣ намешавад."

Як масъули Шабакаҳои тақсими барқ дар ҷануби Тоҷикистон бе зикри номаш гуфт, аз "Барқи Тоҷик" дастур гирифтаанд, ки барои бештар захира кардани об то моҳи декабр барқро хомӯш кунанд. Шореҳи иқтисодӣ, Пайрав Чоршанбиев, мегӯяд, ҳоло мавсими захира кардани об нест ва Тоҷикистон обанборҳои бузург низ надорад, ки оби бештар бигирад. Вай дар айни замон таъкид кард, ки фурӯши барқ ба хориҷа шаффоф нест ва "омори расмӣ дар бораи содироти барқ аз омори воқеӣ чанд баробар камтар аст".

Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомот ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар камбуди барқ доранд, фурӯши барқ ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад.

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Бори охир моҳи январи имсол мақомот расман дар деҳаҳои кишвар лимити барқро ҷорӣ карда буданд ва ин маҳдудият то 4-уми май давом кард.

XS
SM
MD
LG