Ссылки доступа

Нишасти Остона таҳти чораҳои шадиди амниятӣ шуруъ шуд


Рӯзи 13 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон саммити Шӯро оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё шуруъ шуд. Аз ин Шӯро муттаҳидкунандаи минтақа ном бурда мешавад, ки 27 кишвари узв дорад.

Дар саммити мазкур президенти Русия Владимир Путин ширкат меварзад.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон низ барои ширкат дар ин саммит вориди Остона шуд. Интизор меравад, имрӯз Путин бо Эрдуғон дидор ва ҷанги Русия зидди Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамзамон президентҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия -- Содир Ҷабборов, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имрӯз дар шаҳри Остона мулоқоти сеҷониба анҷом медиҳанд.

Қарор аст, дар ин мулоқот масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ин хабарро сухангӯи президенти Қирғизистон Ербол Султонбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, мулоқот бо ташаббуси президенти Русия, ки омодагии худро барои мусоидат дар ҳалли мушкили марзии ду кишвар баён карда буд, баргузор мешавад.

Ин нахустин мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди ҳодисаҳои хунин дар марзи ду кишвар аст.

Рӯзи 14 октябр дар Остона саммити сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақим (ИДМ) баргузор мешавад. Ҳамзамон фардо дар он шаҳр саммити Осиёи Марказӣ - Русия доир мешавад.

Саммитҳои Остона дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар ин шаҳр чораҳои амниятӣ шадид шудааст. Ҳанӯз аз рӯзи 10 октябр ҳангоми вуруд ба шаҳр ҳуҷҷатҳои ронандагон ва мусофирон тафтиш мешавад. Пулиси Остона ба сокинон тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ парҳез ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд. Таҳсил дар мактабҳои миёна дар шаҳри Остона рӯзҳои 13-14 октябр ба низоми фосилавӣ гузаронида шудааст.

XS
SM
MD
LG