Ссылки доступа

"Норасоии барқу об". Мақомот тасдиқ карданд, ки дар Тоҷикистон "лимит" ҳаст


Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" пас аз ду ҳафта шикояти сокинон тасдиқ карданд, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст, вале онро на хости худашон, балки зарурат донистанд.

Онҳо рӯзи 12-уми октябр дар эъломияе гуфтанд, ҳарчанд обанбори "Норак" то нуқтаи охирин пур аст, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираи об вуҷуд дорад. Ин вазъ, ба гуфтаи масъулон, имсол норасоии барқро "ба миқдори беш аз як миллиард киловатт-соат" ба миён оварда.

"Маҷрои дарёи Вахш тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сония аст, дар зимистон 150-200 метри мукааб. Барои истеҳсоли барқ дар зимистон асосан оби захира истифода мегардад," – далел пеш овардаанд мақомот.

Сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз охири моҳи сентябри имсол боз шикоят доранд, ки интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон маҳдуд шудааст. Мақомот дар ин муддат лимити барқро тасдиқ накарда, танҳо гуфта буданд, ки ба таъмири зеристгоҳҳо ва хати интиқоли нерӯи барқ машғуланд. Далеле, ки ширкати "Барқи Тоҷик" рӯзи 12-уми октябр такрор карда, мардум ба он бовар надоранд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи Тоҷик", гуфт, рӯзи 12-уми октябр сабаби чанд соат хомӯш шудани барқро дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ба сокинон шарҳ доданд, "то нофаҳмии зиёд пайдо нашавад".

"Барқи Тоҷик" ба таври рӯшан шарҳ надодааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ аз кай оғоз шуд ва кай поён хоҳад ёфт, вале аз сокинон даъват кардааст, барқро сарфакорона истифода кунанд, "то дар зимистон шабонарӯзӣ бо барқ таъмин шаванд".

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Бори охир моҳи январи имсол мақомот расман дар деҳаҳои кишвар лимити барқро ҷорӣ карда буданд ва ин маҳдудият то 4-уми май давом кард.

XS
SM
MD
LG