Ссылки доступа

Додгоҳи Оқтеппа баррасии парвандаи 18 гумонбар дар ҳодисаҳои январро оғоз кард


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон баррасии парвандаи 18 гумонбар дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар он кишварро оғоз кард.

Гумонбарон дар "Бетартибии оммавӣ", "Истифодаи зӯрӣ нисбат ба намояндаи давлат" ва "Дуздии силоҳ" айбдор мешаванд.

Дар миёни ин 18 нафар Нурсултон Исоев ҳам ҳаст. Қаблан ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Оқтеппа гуруснанишинӣ эълон карда буд ва наздиконаш борҳо аз додситонии вилоят тағйири бандҳо дар парвандаи ҷиноии ӯро дар робита ба рӯйдодҳои моҳи январ хостор шуда буданд. Онҳо гуфтанд, Исоев "ҳеҷ коре накардааст ва алайҳи ӯ иттиҳоми ҷиддӣ бояд эълон нашавадд".

Вакилони дифоъ дар мурофиаи нахустин дархост карданд, ки ҳукми ҳабси пешакии шахсони зери ҳимояи онҳо ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад. Додрас дархостро қабул ва танҳо як гумонбарро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Бино ба маълумоти расмӣ, додгоҳи Оқтеппа 21 парвандаи марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистонро баррасӣ мекунад. Он моҳи июли имсол се гумонбарро дар ғасби фурудгоҳи шаҳр айбдор эълом карда буд.

XS
SM
MD
LG