Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, кумитаи ҳифзи обанбори Кампирободро таъсис диҳанд


Дар поёни қурултойи мардумӣ дар масъалаи обанбори Кампиробод дар Қирғизистон қатънома қабул шуд. Қурултой, ки дар он наздики ҳазор кас иштирок кард, 15 октябр дар деҳаи Қизил-Октябри ноҳияи Узбекистон вилояти Ӯши Қирғизистон баргузор шуд.

Ҳамзамон қурултой қарор қабул кард, ки кумитаи ҳифзи обанбор таъсис шавад. Ширкатдорони он аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки ҳудуди обанборро дар Қирғизистон боқӣ монанд ва табодули ҳудудҳоро қатъ кардаву созишномаи марзиро имзо накунанд.

Иштирокдорон гуфтанд, дар сурати иҷро накардани ин талабот қурултойи навбатӣ дар масъалаи онбанбори Кампиробод дар шаҳри Бишкек доир карда хоҳад шуд.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон дар порлумони он кишвар тарҳи созишнома дар бораи муайянсозӣ ва аломатгузории бархе аз қитъаҳои марз бо Узбекистонро муаррифӣ карданд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, бино ба шартҳои созишнома, 4485 га замине, ки дар он обанбори Кампиробод ҷойгир аст, ба Узбекистон мегузарад ва Қирғизистон дар иваз бештар аз 18 ҳазор га замин ба даст меорад.

XS
SM
MD
LG