Ссылки доступа

Президенти Узбекистон ба Туркманистон меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 20-21 октябр сафари расмиеро ба Туркманистон анҷом медиҳад.

Дар ин бора 16 октябр дар ҷараёни ҷаласаи ғайринавбатии девони вазирони Туркманистон хабар дода шудааст.

Вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар ҷаласа роҷеъ ба рафти омодагиҳо ба сафари расмии президенти Узбекистон ба он кишвар гузориш додааст.

Ба гуфтаи Мередов, дар ҷараёни ин сафар имзои як қатор санадҳои ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Узбекистон дар назар аст.

XS
SM
MD
LG