Ссылки доступа

Имтиҳонҳои такрории дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Қирғизистон охири моҳи ноябр баргузор мешаванд


Вазорати маорифи Қирғизистон хабар додааст, ки имтиҳонҳои ҷумҳуриявии такрории дохилшавӣ ба мактабҳои он кишвар аз 24 то 30 ноябри имсол баргузор мешаванд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии вазорат, қайди довталабон барои иштирок дар ин имтиҳонҳо тариқи онлайн аз 17 то 27 октябр сурат мегирад.

Вазорати маорифи Қирғизистон охирҳои моҳи июни имсол хабар дода буд, ки дар он кишвар бори дигар имтиҳонҳои қабули довталабон ба мактабҳои олӣ барпо мешавад. Ба гуфтаи вазорат, ин фармон бори аввал содир шудааст.

Даври аввали имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Қирғизистон дар соли 2022 аз 24 то 25 май, даври дувум аз 27 то 28 май ва даври севум аз 24 то 25 июни соли равон баргузор шуда буд. Имсол дар имтиҳони умумиҷумҳуриявӣ 57 хатмкунанда баҳои баландтаринро гирифтанд, ки 35 нафари онҳо хатмкунандагони мактабҳои пойтахти Қирғизистонанд.

XS
SM
MD
LG