Ссылки доступа

Боғдорони туркман дар Хатлон аз фаровонӣ ва арзонӣ гуфтанд (видео)


Хатлонские фермеры рады обильному урожая граната
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:01 0:00

Хатлонские фермеры рады обильному урожая граната

Ҳосили анор дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳаде зиёд шудааст, ки боғдорон аз поён рафтани нархи он нигаронанд.

Дар ҷамоати Гардӣ Гулмуродови ин ноҳия аксари анорпарварон туркмантаборони маҳаллӣ ҳастанд.

Эмомназар Худоибердиев, боғпарвари собиқадори туркман, аз фаровонии ҳосилаш хушҳол аст, вале мегӯяд, агар нарх поён равад, фоида ба даст намеоранд, чун барои парвариши ниҳол сарфи зиёде кардаанд.

Уғулбахт Эргашева низ боғи бузурги анор дорад ва ҳосили боғро ҷамъ оварда барои зимистон захира кардааст, то бо қимати баландтар бифурушад. Бо нархи анор, ки ҳоло дар бозор аст, ӯ фоида ба даст намеорад.

Бисёре аз сокинони ҷамоати Гарди Гулмуродов дар ноҳияи Дӯстӣ анопарвар ҳастанд. Парвариши ин меваи ширину серхаридор осон нест. Харҷи кам ҳам надорад.

Байрам Эсанмурод, боғдори туркмантабор мегӯяд, “сарф зиёд аст ва як халта дору 800 сомонӣ аст, ки барои як гектар 25 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад. Имсол 8 тонна анор гирифтам.”

Ноҳияи Дӯстӣ, дар вилояти Хатлон, беш аз 200 гектар боғи анор дорад ва ҳосили онро дар дохилу хориҷ мефурӯшанд. Як килои он дар бозорҳои водии Вахш аз 8 то 10 сомонӣ, ё тақрибан 1 доллар арзиш дорад.

Боғдорон мегӯянд, ба сабаби ҳосили фаровон мумкин аст, қимати анор боз ҳам поинтар шавад.

XS
SM
MD
LG