Ссылки доступа

Фаъоли қазоқистонӣ хост, номзадии Тоқаев ба президентӣ сабт нашавад. Додгоҳ рад кард


Додгоҳи олии Қазоқистон рӯзи 17 октябр даъвои фаъоли шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшинос Алнур Иляшевро нисбати Комисияи марказии интихоботии он кишвар баррасӣ кард.

Иляшевро даъво дошт, ки президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳамчун номзад дар интихоботи пешорӯи президентӣ сабти ном нашавад. Додгоҳ ин даъворо рад кард.

Иляшев дар додгоҳ гуфт, бино ба қонунгузорӣ интихоботи пеш аз муҳлат дар сурати фавти президенти амалкунанда, бемории вай ва ё раъйи беэътимодӣ нисбати президент эълом карда мешавад.

"Ҳеч кадом аз ин се ҳолат рух надодааст. Аз ҳамин хотир Тоқаев баҳонае надошт, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Қазоқистонро помол кунад", - гуфт Иляшев. Вай ҳамзамон ба Комисияи марказии интихоботӣ гуфт, ки "ҳуқуқи сабт кардани номзадии Тоқаевро надошт".

Намояндаи Комисияи интихоботии Қазоқистон Наримон Алгожан дар посух ба даъвои Иляшев гуфт, ки "монеае барои сабти номи президенти амалкунанда вуҷуд надорад". Додситон аз мавқеи Комисия ҳимоят кард.

Дар ниҳоят додгоҳ даъвои фаъоли шаҳрвандиро рад кард.

Алнур Иляшев гуфт, ки аз болои ин қарори додгоҳ шикоят хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG