Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо барои Украина маъмурияти нави низомӣ таъсис дод


Шӯрои Иттиҳоди Аврупо қарори таъсиси Маъмурияти Иттиҳоди Аврупоро дар умури таъмини кӯмаки низомӣ ба Украина (EUMAM Ukraine) тасдиқ кард.

Маъмурият ба неруҳои низомии Украина кӯмаки фардӣ, дастаҷамъӣ ва омодагии махсус медиҳад.

"Ҳадафи маъмурият боло бурдани тавонии низомии неруҳои мусаллаҳи Украина, ки тавонанд, амалиёти низомии муваффақона анҷом диҳанд, аз тамомияти арзии Украина ҳимоят кунанд ва шаҳрвандони он кишварро ҳифз намоянд", - омадааст дар хабари Шӯрои Иттиҳоди Аврупо.

Ситоди фаврии маъмурият дар Брюссел таъсис мешавад. Дар кори маъмурият кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналхалқии Иттиҳод ҷалб мешаванд. Ба вижа маъмурият кор бо дигар марказҳои омодасозии низомиҳои украин дар Бритониё, ИМА ва Канадаро ҳамоҳанг мекунад.

Фаъолияти маъмурият барои 2 сол дар назар дошта шуда, буҷаи он аз 106,7 млн евро иборат аст.

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ҷудо кардани 500 млн евроро барои хариди аслиҳа ба Украина тасдиқ кард. Дар маҷмуъ кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Украина ба 3,1 млрд евро расидааст.

Пештар аз ин президенти ИМА Ҷо Байден дастур дод, ки аз буҷаи мудофиаи кишвараш барои амният ва мудофиаи Украина 750 млн доллар дода шавад.

Аз оғози сол ИМА ба Украин бештар аз 50 млрд доллар кӯмак кардааст, ки қариб 27 млрд он мустақиман ба ниёзҳои низомӣ равона шудааст.

XS
SM
MD
LG