Ссылки доступа

Далери Имомалӣ ба 10 сол зиндон маҳкум шуд


Далер Имомали

Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, ки бештар аз мушкили иҷтимоии мардум ва аз камбудҳои мансабдорон мегуфт, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.

Додрас ӯро ба пардохти ҷарима ҳам вазифадор кардааст. Ҳукми рӯзноманигор бегоҳи 17-уми октябр ва дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе эълон шуда, наздикон ва вакили мудофеъ пас аз як рӯз онро тасдиқ карданд.

Саъдулло Қаюмзода, вакили дифои Далери Имомалӣ, рӯзи 18-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод. Пайвандони Далери Имомалӣ гуфтанд, ин рӯзноманигор ба ғайр аз 10 сол зиндон, боз ҷарима ҳам шудааст. Миқдори ҷарима феълан маълум нест.

Қаблан додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Далери Имомалӣ 10 солу 6 моҳ зиндон талаб карда буд.

Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз сӯи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд. Ду рӯз пас мақомот гуфтанд, ин блогер ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дидаву дониста расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони мамнуи “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад. Ин созмони мухолифи ҳукумат ҳама гуна ҳамкориро бо Далери Имомалӣ рад кард.

Қаблан баъзе манобеъ гуфтанд, Далери Имомалӣ ба ҷуз аз иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ айбҳои дигарро қабул накардааст.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то кунун се нафари онҳо ба зиндон маҳкум шуданд. Пеш аз Далери Имомалӣ, Муҳаммади Султон ба 8 ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки таъқибу таҳдиду фишорро бас ва рӯзноманигорону блогеронро озод кунад, вале мақомот посухе надодаанд.

Намояндагони бархе созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи маданӣ ба ин ҳукми додгоҳ дар нисбати Далери Имомалӣ вокуниш карданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ нисбати Далери Имомалӣ гуфт, "ин ҳукм паёмаш ин аст, ки худсензура дар кишвар баланд мешавад ва дигар хабарнигорон ба мавзуъҳои ҷиддӣ даст намезананд. Сифати журналистика коҳиш меёбад".

Нуриддин Қаршибоев афзуд, баъди ҳукми журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҳо пешгуӣ карда буданд, ки дигар ҳукмҳо аз ин сабуктар намешаванд ва ин ҳама метавонад ба обрӯи кишвари Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон латма ворид кунад ва эҳтимол аст соли оянда Тоҷикистон дар раддабандии озодии баён камаш даҳ зина поён равад.

Ба бовари Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, Далери Имомалӣ танҳо мавзӯъҳои иҷтимоиро ба навор мегирифт ва аз мушкили ҷомеа мегуфт. Ин ҳуқуқдони тоҷик афзуд, Далери Имомалӣ ва дигар рӯзноманигорони боздоштшуда барои ҷомеа ҳеҷ хавфе надоштанд.

"Ёдам ҳаст, маҳз ӯ буд, ки дар давраи пандемия аз вазъи ҳунарманди театр Марям Исоева дар беморхона гузориш дод. Ҳамаро ба пой хезонд, то ӯро табобат кунанд, ки вазъияташ хуб нест. Баъди гузориши Далер вазир рафт ва ба ин мушкил таваҷҷуҳ кард. Ман фикр мекардам, ки шояд ҷарима мекунанд, аммо:

"Додгоҳу додхоҳу додёру додрас,

Ҷумла барбоданд, агар бар додашон иршод нест".

XS
SM
MD
LG