Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз аввали сол барои нашри матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ 23 парванда боз шудааст


Мақомоти интизомии Қирғизистон аз моҳи январ то сентябри имсол 3 парванда бар асоси банди "Барангехтани бетартибиҳои оммавӣ" ва 22 парванда барои ангехтани кинаву адоват боз кардаанд.

Раҳбари созмони ҷамъиятии "Кылым Шамы" Гулшоир Абдурасулова 18 октябр дар як ҳамоиш бо истинод ба иттилои расмии Додситони кулли Қирғизистон гуфт, 23-тои ин парвандаҳо дар робита ба матлабҳое боз гаштаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд. Дар ҳоли ҳозир 12 парванд ба додгоҳ ирсол шудааст.

"Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти таъқибҳо барои нашри матолиб дар Интернет сурат гирифтаанд. Ин ташвишовар аст. Матлабҳо мафҳумҳои норавшан доранд. Барои мисол, муайян нест, ки шаъну шарафи миллӣ чи ҳаст ва онро чӣ гуна бояд муайян кард. Таҳқир дар куҷо шудааст ва дар куҷо не", - изҳор дошт ҳомии ҳуқуқ.

Дар ҳамоиш ҳамчунин парвандаи мудири телевизиони "Next TV" Таалай Дуйшенбиев мисол оварда шуд. Додгоҳе дар шаҳри Бишкек Дуйшенбиевро моҳи сентябри имсол 5 сол аз озодӣ маҳрум кард, вале баъдтар ин ҳукм ба шартӣ иваз ва мудири телевизион аз толори додгоҳ озод шуд.

XS
SM
MD
LG