Ссылки доступа

Аврупо баъди марги Аминӣ зидди Эрон таҳрим ҷорӣ кард


Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17 октябр эълом кард, ки зидди як қатор мансабдорони Эрон барои нақзи ҳуқуқи башар таҳрим ҷорӣ кард.

Ба рӯйхати таҳримшудаҳо 11 шахси воқеӣ ва чаҳор ширкати эронӣ шомил шудааст. Онҳо ба саркӯби бераҳмонаи иштирокдорони эътирозҳои Эрон дар миёнаҳои моҳи сентябри имсол айбдор мешаванд.

Дар миёни таҳримшудаҳо вазири иттилоот ва фанновариҳои Эрон низ ҳаст. Ӯро барои қатъи интернет дар Эрон шомили ин рӯйхат кардаанд.

Дар Брюссел гуфтанд, омодаанд, эъломи таҳримҳои нав зидди Эронро барои интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия баррасӣ кунанд.

Эътирозҳо дар Эрон баъди барги Маҳсо Аминӣ, духтаре, ки барои беҳиҷобӣ боздошт шуда буд, сар заданд. Ҳазорон нафар дар шаҳрҳои гуногуни Эрон аз моҳи сентябр то кунун даст ба эътироз мезананд.

XS
SM
MD
LG