Ссылки доступа

Русия узбекистониҳои зиндониро ба ҷанги Украина мебарад


Президенти Русия Владимир Путин 11 октябр эълом кард, ки маъракаи басеҷ дар он кишвар давоми ду ҳафтаи оянда пурра хотима меёбад ва феълан дар доираи он 222 ҳазор нафар ба артиш ҷалб шудааст.

Ин изҳороти Путин дар пасманзари афзоиши хабарҳо дар бораи ҷалби иҷбории муҳоҷирони кории қирғиз, узбек ва тоҷик аз сӯи мақомоти Русия ба ҷанги Украина садо медиҳад.

Наздикони узбекистониҳое, ки дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд, гуфтанд, пайвандони онҳо бо ҳар шева, аз ҷумла шиканҷа аз зиндонҳои он кишвар ба ҷанги Украина ҷалб мешаванд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқ аз тақдири муҳоҷирон нигаронанд.

Ҳомии ҳуқуқи маъруф ва сиёсатмадори рус Олга Романова дар паёмакрасони Телеграм навишт, ки ширкати хусусии низомии Русия – “Вагнер” ҷалби хориҷиҳоро ба ҷанги Украина оғоз кардааст.

Ба гуфтаи Романова, ба ӯ хабар додаанд, ки шаҳрвандони зиндонии Белорус, Узбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷонро аз маҳбасҳои Русия ба ҷанги Украина мебаранд.

XS
SM
MD
LG