Ссылки доступа

Путин розӣ шуд, харитаҳои бойгониро барои ҳалли баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон бидиҳад


Президенти Русия Владимир Путин розӣ шудааст, ки харитаҳои бойгонии даврони шӯравиро барои ҳалли баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба Бишкек бидиҳад.

Марат Имонқулов, котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон рӯзи 17 октябр гуфт, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар мулоқоти сеҷониба бо президенти Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аз Путин хост, ки дар муайянсозӣ ва аломатгузории марзи ду кишвар мусоидат кунад. "Ман фикр мекунам, ки ин масъала ҳал мешавад, зеро дар Москва ҳуҷҷатҳо ва харитаҳо пайдо мешаванд", - гуфт Имонқулов.

Пештар аз ин Владимир Путин гуфт, ки Москва "дар бораи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбат ба худи ҷумҳуриҳо иттилои дақиқтар дорад".

Рӯзи 13 октябри дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон баргузор шуд.

Ин роҳбарон масъалаи марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баҳс карданд.

Бори ахир рӯзҳои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ бархост. Дар натиҷаи он 63 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Рӯзи 18 сентябр вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Тоҷикистонро дар ҳамлаи мусаллаҳона айбдор кард.

Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 41 тан дар низои ахир хабар доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ аз марги 81 тан хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон дар навбати худ ҷониби Қирғизистонро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG