Ссылки доступа

Дар Узбекистон 200 ҳазор ҳектар заминро ҳамвори лазерӣ мекунанд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 18 октябр дар як ҷаласа масоили марбут ба соҳаи кишоварзиро баррасӣ кардааст.

Дар ҷаласа, аз ҷумла масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҳисоби истифодаи самараноки захираҳои замину об баррасӣ шудааст. Таъкид гашта, ки ба кишоварзон дар интихоби тухмӣ, обёрии киштзор ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон мусоидат карда шавад.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ пешниҳоди ҳамвор кардани 200 ҳазор ҳектар замин тавассути лазер қабул шуда, таъкид гаштааст, ки харҷи кишоварзон барои ҳамвори лазерӣ кардани заминҳо ҷуброн карда шавад.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ лоиҳаҳои идораи босамари захираҳои об дар минтақаҳо иҷро карда шаванд.

XS
SM
MD
LG