Ссылки доступа

Шумори аҳолии Қирғизистон ба 7 млн нафар расид


Кумитаи миллии омори Қирғизистон хабар дод, ки сокини 7-уминмиллионии ин кишвар таваллуд шудааст.

Ин кумита 1 октябр хабар дода буд, ки шумори аҳолии Қирғизистон 6 миллиону 995 нафарро ташкил медиҳад. Маълумоти мазкур бар асоси натиҷаи шумориши аҳолии Қирғизистон дар соли 2022 эълон шуд.

Манбаъ афзуда, ки теъдоди аҳолии Қирғизистон афзоиш ёфта, мизони таваллуд ҳамоно баланд боқӣ мемонад.

Шумориши навбатии аҳолии Қирғизистон баҳори имсол сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG