Ссылки доступа

Марги як кӯдаки 8-сола дар Бухоро дар натиҷаи таркиши зарфи газ


Дар яке аз хонаҳо дар вилояти Бухорои Узбекистон зарфи газ таркидааст. Дар натиҷа кӯдаки 8-солае захм бардошта, дар беморхона фавтидааст.

Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад, ки ин ҳодиса рӯзи 16 октябр рух додааст.

Таркиш дар манзиле дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Қарақули вилояти Бухоро сар задааст.

Додситонии ноҳия таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG