Ссылки доступа

Муҳоҷири "гумшуда"-и тоҷик дар марз бо Афғонистон дастгир шудааст


Муҳаммад Дилшодбойзода, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия нопадид шуда буд, дар сарҳади Афғонистон боздошт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини 20-солаи ноҳияи Мастчоҳ қасди гузаштан ба Афғонистонро дошт.

Тасдиқи он аз манобеи мустақил ғайриимкон аст. Наздиконаш гуфтанд, аз боздошти Дилшодбойзода нав хабардор шуданд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ хабари боздошти Муҳаммад Дилшодбойзодаро тасдиқ кард.

Ба гуфтаи манбаъ, Дилшодбойзодаро маъмурони милиса дар ноҳияи Дарвози ВМКБ дастгир карданд. “Ӯ ният дошт, ба Афғонистон гузарад,” -- афзуд манбаъ.

Ҳанӯз ба зидди ҷавон иттиҳом эълон нашудааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Муҳаммад Дилшодбойзода рӯзи 12-уми октябр боздошт шудааст. Наздиконаш гуфтанд, ин ҷавон бори охир рӯзи 10-уми октябр бо хонавода тамос дошт. Наздикони ин сокини ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда, барои пайдо кардани писарашон мадад хоста буданд.

“Субҳи 19-уми октябр падари Муҳаммад ба шаҳри Маскав рафт. Пас аз чанд соат нозири минтақавӣ омад ва хабар дод, ки Муҳаммад аз тарафи кормандони милиса дар Дарвоз боздошт шуд. Баъзе аз хешовандонро имрӯз ба шаҳри Хуҷанд даъват карданд,” -- афзуд яке аз пайвандони Муҳаммад Дилшодбойзода.

Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ, ба гуфтаи наздиконаш, ду соли охир дар Маскав буд ва дар бозори “Фут Сити” кор мекард.

Бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон боздошт мешаванд. Соли 2018 чор ҷавоне, ки се нафарашон хонандаи мактаб буданд, дар марзи Афғонистон дастгир шуданд. Манобеи Радиои Озодӣ он вақт гуфтанд, ин ҷавонон бо таблиғи як омӯзгори забони англисӣ мехостанд, ба Афғонистон рафта, ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шаванд. Дар Афғонистон шохаи “Хуросон”-и ДОИШ фаъол аст.

Радиои Озодӣ соли гузашта муайян карда буд, ки дар ҳайати гуруҳи Толибон гуруҳе бо номи “толибони тоҷикистонӣ” низ фаъоланд. Гуруҳи Толибон, ки акнун дар Афғонистон ҳукумат мекунад, назорати сарҳадро бо Тоҷикистон ба дасти ин гуруҳ супоридааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад, ки баъзе нуқтаҳои он дар минтақаҳои назораташон душвор ҷойгир аст. Беш аз як сол аст, ки гуруҳи тундрави Толибон дар Афғонистон ҳоким аст. Коршиносон мегӯянд, бо бозгашти Толибон ба қудрат, Афғонистон ба минтақаи амн барои гуруҳҳои ифротӣ табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG