Ссылки доступа

Остона боздошти фаъолони қарақалпоқистониро дар Қазоқистон шарҳ дод


Муовини сарвазир ва вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ дар шарҳи боздошти чаҳор фаъоли қарақалпоқистонӣ дар ин кишвар гуфт, Остона онҳоро "пеш аз ҳама" шаҳрванди Узбекистон медонад.

"Мо пеш аз ҳама онҳоро шаҳрвандони Узбекистон мешуморем. Агар онҳо дар Қазоқистон ҷиноят содир карда бошанд, тибқи қонунгузории мо муҷозот хоҳанд шуд. Дар мавриди бозгашти онҳо (ба Узбекистон), бояд гуфт, ки ин масъала ба вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар рабт дорад. Агар далели убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вуҷуд дошта бошад, пас хадамоти марзбонии ду кишвар бояд баррасӣ кунанд", - изҳор дошт ӯ 20 октябр дар ҳошияи ҷаласаи сенати Қазоқистон дар суҳбат бо бахши қазоқии Радии Озодӣ.

Расонаҳо пештар аз боздошти чаҳор фаъоли қарақалпоқистонӣ, аз ҷумла Раиса Худойбергенова дар Алмато хабар дода буданд. Бино ба хабарҳо, Худойбергенова, ки ҳамчун табиби бемориҳои дил дар Қазоқистон кор мекард, дар коргоҳаш дастгир шудааст.

Нашрияи "Власт"-и Қазоқистон менависад, Худойбергенова дар "сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон" гумонбар мешавад. Зидди фаъолони дигари қарақалпоқистонӣ Жангелдӣ Жақсимбетов ва Қошқарбой Торемуратов, ки қаблан дар Алмато боздошт шуда буданд, бо чунин иттиҳом айб эълом гаштааст. Пулиси Алмато то ҳол боздошти қарақалпоқистониҳоро шарҳ намедиҳад.

Рӯзҳои 1-2-уми июли имсол дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Неруҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG