Ссылки доступа

Тарроҳи тоҷик пироҳанҳо аз атласу адрасро дар Аврупо ба намоиш мегузорад


Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик.

Хуршед Сатторов, тарроҳи шинохтаи тоҷик колексияи либосҳои худро таҳия дорад, то ин ҳафта онҳоро дар шаҳри Венаи Австрия ба намоиш гузорад. Ин коллексия иборат аз пироҳанҳо аз атласу адрас ва низ чакану гулдӯзиву сӯзанӣ мебошад.

Дар ин ҷашнвора, ки аз 21 то 26-уми октябр дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Австрия баргузор мешавад, ҳунармандон аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик ин робита гуфт, ду намоиш -- яке намоиши либосҳои чакану атлас ва дигаре намоиши либосҳои содатар, ки барои истифодаи ҳамарӯза аст, баргузор мешавад.

​Хуршед Сатторов даъватнома ба ин ҷашнвораро баъди он ба даст овард, ки як соли пеш гурӯҳи корӣ аз Вена ба Тоҷикистон омад ва бо ҳунари тарроҳону ҳунармандони тоҷик ошно шуд.

Коллексияи либосҳои Хуршед Сатторовро духтарони хушсалиқа аз Австрия дар рӯи саҳна намоиш медиҳанд. "Бинобар он, ки роҳ дароз аст ва роҳкиро гарон, ба ҳамин хотир, ташкилкунандагони Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Вена аллакай аз Донишгоҳи дизайнерӣ ва оҷонсии модел 20 нафар моделро омода кардаанд, ки либосҳоро ба бар мекунанд ва ба намоиш мегузорем",-гуфт Хуршед Сатторов.

Ҷашнвораи Рӯзҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вена -- пойтахти Австрия ҳамасола баргузор мешавад. Имсол масъулони ин ҷашнвора Тоҷикистонро интихоб кардаанд. Ҳунармандоне мисли Хуршед бовар доранд, ки баргузории чунин ҷашнвораҳо имкони хуберо барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар хориҷ аз кишвар фароҳам мекунад.

"Таърихи мо бисер нақшу нигор ва либосҳои зебоеро ба мерос мондааст, ки мо метавонем ба шакли замонавӣ истифода ва муаррифӣ кунем. Давоми 20 соле, ки ман либсои миллии чаканро ба ҳазор намуд омода кардам, ин ҳоло ҳам кам аст, аз баҳр як қатра",-мегӯяд Хуршед Сатторов.

Қарор аст, ҳамчунин дар ҷашнвораи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Вена, овозхонҳои мардумӣ ва қаннодону косибон ҳунари худро ба намоиш гузоранд.

XS
SM
MD
LG