Ссылки доступа

Гуфтугӯ бо сафири Украина дар Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Гуфтугӯ бо сафири Украина дар Тоҷикистон.​ Чӣ қадар аз нерӯҳои пойгоҳи 201 ба ҷанг дар Украина рафтаанд? Оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар сафи нерӯҳои Русия меҷанганд? Вазъи ҳозира ва ояндаи ҳамкориҳои Душанбе ва Киев чӣ гуна аст? Ба ин ва суолҳои дигар сафири нави Украина дар Тоҷикистон, Валерий Евдокимов, рӯзи 13-уми октябр посух дод. (видео)

- Дар Душанбе таҳдид аз Афғонистон баррасӣ шуд. Намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ дар Душанбе мавзӯи мубориза бо терроризм ва таҳкими амниятро дар марзҳо баҳс карданд. Ин нишаст зери чатри Созмони Милал баргузор шуд. Намояндагони Қирғизистон наомаданд, ҳарчанд номашон дар рӯйхат буд. (видео)

- Як тоҷики кушташуда дар Белгород маълум шуд. Радиои Озодӣ бо мадади корбарон ҳувийяти яке аз тоҷикони кушташударо дар тамрингоҳи Белгород муайян кард ва ӯ Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин), шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аст. Хабарро як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии Русия низ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. (видео)

- Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин гуфт, "моро ҳурмат кунед".​ Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасте дар шаҳри Остона аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро “ҳурмат” кунад. (видео)

- Саъдӣ мехоҳад, тарзи забономӯзиро дигар кунад. Чанд ҷавони тоҷик талош доранд, бо тарзи нав ба мардум забони англисӣ ёд бидиҳанд. Ин дарсҳо бепул аст ва асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Баъзе аз омӯзгорони ҷавон мегӯянд, усули таълими англисӣ дар мактабҳои Тоҷикистон куҳна шуда, бояд тағйир ёбад. (видео)

- Гуфтугӯ бо сафири Украина дар Тоҷикистон. Чӣ қадар аз нерӯҳои пойгоҳи 201 ба ҷанг дар Украина рафтаанд? Оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар сафи нерӯҳои Русия меҷанганд? Вазъи ҳозира ва ояндаи ҳамкориҳои Душанбе ва Киев чӣ гуна аст? (видео)

- Дар интихоботи президентӣ номзади мухолифон ҳам иштирок мекунад? (видео)

- 12 довталаб. Пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Қазоқистон хотима ёфт. (видео)

- Муҳокимаи Завқибек паси дарҳои баста дар Душанбе. Мурофиаи додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшуда, 11-уми октябр паси дарҳои баста баргузор шуд. Пайвандонаш гуфтанд, мурофиа бояд дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузашт, аммо ба сабаби барои онҳо номаълум дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд (видео)

- Чаро духтарони Девлохак аз таҳсил дур монданд? Се духтари ҷавон аз вилояти Бадахшон дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Нуробод ба хонандагон дарс медиҳанд. Мақомот мегӯянд, ба сабаби аз таҳсил дур мондани духтарону баъзе писарон дар ин ноҳия солҳои охир муаллим намерасад. Омӯзгорони ҷавон аз Бадахшон мегӯянд, ҳадафашон ислоҳи ҳамин камбудӣ аст. (видео)

- Модари сарбози бедаракшудаи қирғиз ба фарзияи мақомот боварӣ надорад. (видео)

- "Ҳамлагарон либоси низомӣ доштанд". Латтӯби як фаъоли қазоқ дар Жанаозен. (видео)

- Ленин, Эмомалӣ Раҳмон ва ё Исмоили Сомонӣ? ​Сокинони маҳаллаи овозадори Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 5 сол боз барои иваз кардани номи як кӯчаи он ба як натиҷа намерасанд. Ин кӯчаи марказӣ дар даврони Шӯравӣ ба номи Ленин гузошта шудааст ва то ҳол иваз нагардидааст. (видео)

- Чаро Маҳина худкушӣ кард? Додситонии Рашт таҳқиқи парвандаи сокини маҳаллӣ Султон Назарзодаро ба поён расондааст. (видео)

- Дипломатҳо барои ҳимояти хабарнигорони тоҷик рафтаанд. Як ҳайат аз Созмони Амният Ва Ҳамкории Аврупо барои баррасии вазъи озодии матбуот ба Тоҷикистон сафар кардааст. Сафар ҳам дар замоне сурат мегирад, ки чанд хабарнигор дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва додгоҳҳо онҳоро яке паси дигар ба зиндон маҳкум мекунад. (видео)

- Беш аз 60 касро барои нақшаи ошӯб муҳокима мекунанд.​ Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи беш аз 60 маҳбуси яке аз зиндонҳои шаҳри Хуҷандро ба иттиҳоми омодагӣ ба “ошӯб” ва “қасди куштори кормандони муассисаи ислоҳии рақами 3” анҷом додаанд. Вале на онҳо ва на мақомоти дигари Тоҷикистон дар ин бора расман хабар намедиҳанд. (видео)

- Чӣ қадар пул бигиранд, ки маъмурони гумрук мусодира накунанд? Пас аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 91 ҳазор доллар ва беш аз 15 ҳазор евро дар фурудгоҳи Кишинёв, чанде аз корбарон пурсидаанд, ки ҳангоми сафар бо худ чӣ қадар пул бигиранд, то ба дарди сар науфтанд. Шарҳ дар видеост. (видео)

- Дар Варшава аз мушкили хабарнигорони тоҷик гуфтанд. Дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава аз фишорҳои афзоянда ба хабарнигорону блогнависон дар Тоҷикистон гуфтанд. Баъзе аз рӯзноманигорон аз мушкилу фишорҳое қисса карданд, ки ба сари онҳо ва хонаводаашон омадааст. Намояндагони мақомот дар нишаст набуданд. (видео)

- Гузориш аз шаҳри Алмато дар бораи фирори русиягиҳо аз басиҷсозӣ (видео)

- Сиёсатшинос Андрей Казантсе – дар бораи рафтори русиягиҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (видео)

- Зарбаи мушакӣ ба корвони башарӣ дар вилояти Запорожеи Украина: 25 кушта, бештар аз 50 захмӣ (видео)

- Дар Лимани Украина чӣ мегузарад. Артиши Русия дар шаҳри Лимани Украина ба муҳосира афтод. Дар ин бора ба Настоящее Время Тарас Березоветс хабар дод, ки дар самти мазкур меҷангад. Неруҳои Украина шаҳрро ба муҳосира гирифтанд (видео)

- Зани украин бо марди русиягӣ издивоҷ кард ва ҳарду аз ҷанг тавассути Қазоқистон фирор мекунанд (видео)

- Дар Балҷувон ба зудӣ бензин истеҳсол мекунанд? Дар ноҳияи Балҷувон пас аз солҳо истихроҷи нафтро дигарбора аз сар гирифтанд. Дар замони шӯравӣ аз ин минтақа ҳазорон тонна нафту газ истихроҷ мекарданд. Ҳоло конҳои нафти Балҷувон дар кадом вазъ қарор дорад? (видео)

- Дар муноқиша дар марз тақрибан 10 масҷидро "задаанд". Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст. Сокинон мегӯянд, масҷид дар Исфара маҳалли серодам аст ва шояд ҳадафмандона зери ҳамла монда (видео)

- "Ба ғайр аз либоси танам дигар ҳеч чиз намонд". Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даҳҳо сокини деҳаи Сомониёни Исфара захираи маводи ғизоии худро аз даст додаанд. Хонаҳои баъзе аз онҳо ба тамом сӯхта шу бар асари тирпарронӣ сухтаанд ва бархеи дигарро афроди ношинос оташ задаанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG