Ссылки доступа

Мирзиёев дар Ишқобод боғи “Тошканд”-ро боз мекунад


Мақомоти Туркманистон барои боз кардани боғи “Тошканд” дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Ишқобод аз 17 октябр омодагӣ мебинанд.

Бино ба хабари “Хроника Туркменистана”, роҳҳои атрофи боғ баста буда, қарор аст, дар маросими ифтитоҳи он президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки рӯзҳои 20 ва 21 октябр сафари расмиеро ба Ишқобод анҷом медиҳад, иштирок кунад.

Манбаъ афзуда, ки боғ ҳанӯз дар моҳи июни имсол барои боз кардан омода буд ва интизор мерафт, Мирзиёев ба Туркманистон рафта, президенти пешини ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро шахсан бо зодрӯзаш табрик мегуфт ва дар маросими ифтитоҳи боғ иштирок мекард. Аммо ӯ ҳамтои пешини туркманашро телефонӣ табрик кард.

Дар пойтахти Узбекистон низ моҳи октябри соли 2017 боғи “Ишқобод” бунёд карда шуд.

XS
SM
MD
LG