Ссылки доступа

Пулиси қазоқ барои шиканҷаи боздоштшудаҳо бо дарзмол ҳабс шуд


Додгоҳи вилояти Жетисуи Қазоқистон 20 октябр ҳукми ҳабси хонагии афсари пулис Айдин Кенжебоевро, ки дар шиканҷаи гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол бо дарзмол айбдор мешавад, ба ҳабси пешакӣ иваз кард.

“Дар аввал ӯ дар ҳабс буд. Сипас моҳи июн вайро ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд. Мо дар ин бора хабар надоштем. Ба мо нагуфтанд. Ӯро бояд озод намекарданд. Мо хеле ҳайрон будем. Мо борҳо ариза навиштем, ки афсарро ба ҳабс баргардонанд. Додгоҳи шаҳрӣ рад кард. Пас аз ин мо ба додгоҳи вилоятӣ муроҷиат кардем”, - гуфт вакили дифои гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январ Асем Тусипова.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, додгоҳ ҳамчунин хостааст, амнияти ҷабрдида Жансерик Тураликов ва шоҳид Арлан Куттибаев таъмин карда шавад. Додрас дархости ба ҳабси пешакӣ гирифтани чаҳор корманди пулиси дигарро низ, ки дар шиканҷаи гумонбарон айбдор мешаванд, пазируфтааст.

Чандин гумонбари ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон ахиран дар додгоҳ гуфтанд, ки афсарони пулис онҳоро дар боздоштгоҳ шиканҷа карданд.

XS
SM
MD
LG