Ссылки доступа

Қирғизистон ба хонаводаи низомиёни кушташуда дар марз бо Тоҷикистон хона медиҳад


Ба хонаводаҳои низомиёни Қирғизистон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ҷон бохтаанд, 1 миллиону 200-ҳазорсомӣ (беш аз 14-ҳазордолларӣ) ва хона дода мешавад.

Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 20 октябр дар мулоқот бо фаъолони он кишвар, ки дар он масъалаи заминҳои баҳсӣ бо Узбекистон баррасӣ мешуд, хабар додааст.

Ӯ ҳамчунин гуфта, ки низомиёни захмишуда дар низоъ аз 100 то 200-ҳазорсомӣ ҷуброн дарёфт мекунанд.

Бори ахир рӯзҳои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ бархост. Дар натиҷаи он 63 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 41 тан дар низои ахир хабар доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ аз марги 82 тан хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG