Ссылки доступа

Марги сарбози тоҷик дар артиш. Модараш: "Ӯро задаанд." Мақомот: "Бемор буд"


Шоҳрух Маҳкамов
Шоҳрух Маҳкамов

Ҷасади як сарбози тоҷикро, ки дар қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон хидмат мекард, ба пайвандонаш додаанд.

Шоҳрух Маҳкамов 19 сол дошт. Ӯро як сол пеш ба артиш бурда буданд. Масъулон гуфтаанд, сарбоз аз беморӣ даргузашт. Наздиконаш назари дигар доранд ва хоҳони таҳқиқи ҳодиса ҳастанд.

Хонаводаи Маҳкамовҳо дар деҳаи Равоти Нави шаҳри Конибодом мотам доранд. Ҷасади фарзанди онҳоро рӯзи 18-уми октябр аз сардхонаи Душанбе овардаанд. Шоҳрух Маҳкамов чанд моҳи аввали аскариро дар вилояти Хатлон гузашта, ним соли охир дар ноҳияҳои баландкӯҳи минтақаи Помир будааст.

Аброр Маҳкамов, падари Шоҳрух Маҳкамов, рӯзи 20-уми октябр гуфт, “5-6 афсару сарбо бо мошин омаданд ва ҷасадро ба мо супориданд. Гуфтанд, ки касал шуду даргузашт.”

Дар маргномаи сарбоз норасоии кори дилу рагҳоро сабаби фавт навиштаанд. Пайвандонаш ҳам мегӯянд, аслан ба артиш бурдани Шоҳрух нодуруст буд ва рӯзи 10-уми октябри соли гузашта ва дар 18-солагиаш маҷбурӣ ба Комиссариати ҳарбӣ бурда шуд.

“Ба писарам даъватнома наомада буд. Ба сабаби бемориаш. Писарам дарди гулӯ ва “зоб” дошт. Дилаш ҳам аз сардӣ варам карда буд,” – гуфт модараш, Сайлихон Маҳкамова.

Ба гуфтаи наздиконаш, ба ғайр аз беморӣ марги Шоҳрух сабабҳои дигар ҳам доштааст. Сайлихон Маҳкамова афзуд: “Вақтҳои охир мегуфт, муносибат дар ҷойи хидмат хуб нест. Писарамро дигарон латукӯб кардаанд. Фикр мекунам, аз беморӣ нафавтидааст. Ӯро дигарон куштаанд.”

Пайвандони Шоҳрух Маҳкамов талаб доранд, ки марги ӯ ҳамаҷониба санҷида ва гунаҳкорон ёфта шаванд.

Фавти як сарбози тоҷик дар қисми низомӣ, дар ҳолест, ки се ҳафта боз мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон ҷараён дорад.

Мақомот ҳамвора мегӯянд, ки ҷавонони бемор ё узрдор ба аскарӣ бурда намешаванд, вале ҳамеша маълум мешавад, ки воқеият чунин нест. Ҳамчунин шикоятҳо аз бадрафторӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ кам намешаванд.

XS
SM
MD
LG