Ссылки доступа

Шаҳрдори пешини Тирмиз ва муовинонаш ба дуздии $1 млн айбдор мешаванд


Мақомоти интизомии Узбекистон баъди боздошти шаҳрдори ҳамакнун пешини Тирмиз Исроил Худойбердиев шаш мансабдори дигари шаҳр, аз ҷумла ду муовини шаҳрдорро низ дастгир кардаанд.

Хабаргузории “Газета.uz” бо истинод ба вакили дифои Худойбердиев ва сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Алишер Бобомуродов хабар додааст, ки ҳамаи ин мансабдорон ба азхудкунии 14,8 миллиард сӯм (беш аз $1,3 млн.) айбдор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, муовини аввали шаҳрдор Ғайрат Эламанов, муовини шаҳрдор оид ба сохтмон Шуҳрат Раҳмонқулов, меъмори шаҳр, раҳбару лоиҳакаши маҷмааи савдои “Яшил дунё” ва бинокорони он ҳоло дар боздошти муваққатӣ қарор доранд.

Қаблан Бахши узбекии Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаи худ дар шаҳрдории Тирмиз хабар дода буд, ки зидди Исроил Худойбердиев ва Ғайрат Эламанов бо банди “Дуздӣ ё азхудкунии пулҳои буҷаи давлат” парванда боз кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, парванда дар робита ба сохтмони бозори “Яшил дунё” дар маркази Тирмиз боз гаштааст. Ин бозори маҳсулоти ғизоӣ ду сол пеш мавриди истифода қарор гирифта буд.

Исроил Худойбердиев аз соли 2017 то 21 сентябри имсол шаҳрдори Тирмиз буд. Боздошти ӯ дар пасманзари барканории беш аз даҳ раиси шаҳру ноҳия сурат мегирад. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар давоми даҳ рӯзи ахир 14 раиси шаҳру ноҳияи он кишварро барканор кард.

XS
SM
MD
LG