Ссылки доступа

Як анбори аслиҳа дар Узбекистон таркид


Дар вилояти Сирдарёи Узбекистон субҳи рӯзи 22 октябр дар анбори аслиҳаи вазорати мудофиаи он кишвар таркиш рух дод.

Дар натиҷаи ин таркиш қисман манзилҳои зист ва мағозаҳои атрофи анбор зиён дидаанд.

Ҳамчунин низомиҳо ва сокинони маҳаллӣ аз ин таркиш осеб дидаанд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомоти он кишвар. Даҳҳо тан барои дарёфти ёрии тиббӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд.

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надорад.

Мақомоти Узбекистон ба ҳисоб кардани хисорот шуруъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG