Ссылки доступа

Вакилони порлумони Қирғизистон кофтукобу боздошти фаъолону сиёсатмадоронро маҳкум карданд


Вакилони порлумони Қирғизистон Жанар Акаев, Тозабек Икромов, Исҳоқ Масалиев, Адахон Мадумаров, Мирлан Самийкожо ва Достон Бекешев кофтукоб ва боздошти сиёсатмадорону фаъолони қирғизистониро маҳкум карданд.

Акаев ба раҳоии боздоштшудаҳо даъват кард. "Боздоштҳои имрӯзӣ ғайримантиқӣ ҳастанд, фаъолон, сиёсатмадорон ва блогерон бояд фавран озод карда шаванд. Ин дархост нест, ин талаб аст. Қонунро помол накунед", - гуфт Акаев.

Тозабек Икромов дар саҳифаи фейсбук навишт, ки "фишори сиёсӣ, кофтукобҳо ба гуфтугӯи ошкорои байни мақомот ва қисми фаъоли ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ба шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ боис мешавад".

Субҳи 23 октябр дар манизил чанде аз фаъолон ва сиёсатмадорон бозҷӯӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа чанде аз онҳо боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG