Ссылки доступа

Мақомоти Русия як ҳомии ҳуқуқи зодаи Узбекистонро дар терроризм айбдор мекунанд


Бахром Хамроев на пикете в защиту политзаключенных. Москва, 14 сентября 2018 года.
Бахром Хамроев на пикете в защиту политзаключенных. Москва, 14 сентября 2018 года.

Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ Баҳром Ҳамроев, ҳомии ҳуқуқи созмони "Мемориал"-ро дар таъсиси созмони террористӣ айбдор кард.

Дар айбномаи хадамоти амнияти Русия омадааст, ки Ҳамроев "ба афроди дар терроризм айбдоршаванда кӯмаки ҳуқуқӣ расонида" ва "ба Додгоҳи байналхалқии ҳуқуқи инсон дар Страсбург шикоят навиштааст".

"Меморил" узви ин созмон Баҳром Ҳамроевро "маҳбуси сиёсӣ" унвон кардааст.

Ҳамроев 24 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Дар ибтидо ӯро дар "Таъсиси фаъолити созмони террористӣ" айбдор мекарданд.

Тимофей Широков, вакили мудофеи Ҳамроев айбномаи навро ҳазён унвон кард.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, бар асоси айбномаи нав Баҳром Ҳамроевро то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Баҳром Ҳамроев зодаи Бухорои Узбекистон аст, ки дар соли 1992 ин кишварро тарк кардааст. Давоми 25 соли охир Ҳамроев дар Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезаҳо ва мусалмонон ҳимоят мекард.

XS
SM
MD
LG