Ссылки доступа

Таъқиби дигарбораи мардони ришдору намозгузор дар Туркманистон


Празднование Рамадана в центральной мечети Ашхабада «Ар-Тогрул» (иллюстративное фото)

Дар бархе аз минтақаҳои Туркманистон мақомот дигарбора таъқиби мардонеро шуруъ кардаанд, ки риш доранду мунтазам ба масҷид мераванд. Дар шаҳри Туркманбошии он кишвар мақомоти интизомӣ зидди мардони ришдор "рейд" баргузор мекунанд.

Мардони ришдорро аз кӯча ба идораи пулис мебаранд ва иҷборан ришашонро метарошанд.

"Дар Туркманбошӣ дигарбора таъқиби мардони ришдор ва онҳое шуруъ шудааст, ки мунтазам масҷид мераванд. Асосан мардони то 50-соларо таъқиб мекунанд", - нақл кард яке аз сокинони Туркманбошӣ.

Туркманистон чанд соли охир шомили рӯйхати кишварҳое мешавад, ки дар робита ба озодиҳои динӣ "нигаронии хосро ба бор меоранд". Ин рӯйхатро Департаменти давлатии ИМА тартиб медиҳад.

XS
SM
MD
LG