Ссылки доступа

Қазоқистон доктринаи ҳарбияшро тағйир дод


Президент Қосимҷомарт Тоқаев тағйирот ба доктринаи ҳарбии Қазоқистонро, ки аз сӯи вазорати дифоъ ва ниҳодҳои дигари қудратии ин кишвар таҳия шудааст, тасдиқ кард.

"Дар санад омил ва шартҳои муосири таъсиргузор бар таҳдидҳои ҳарбию амниятӣ дарҷ шудааст. Ҳамчунин самтҳои нави фаъолиятҳо дар бахши сиёсӣ-ҳарбӣ ва ҳарбӣ-стратегӣ илова карда шудааст", - гуфтанд дар Вазорати дифои Қазоқистон.

Дар он ҳамчунин “рушди нерӯҳои амалиёти вижа ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо воҳидҳои нерӯҳои вижаи мақомоти дигари давлатӣ” пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, доктринаи нави ҳарбӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи давлат ба таъмини амнияти ҳарбӣ ва дифоъ ба талаботу шароити муосир мутобиқ карда шавад. Ба ҷуз ин, “иқтидори низомии кишвар барои вокуниши муносиб ба таҳдиду хатарҳои нав тақвият ёбад".

XS
SM
MD
LG