Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “лимит”-и барқ муваққатӣ аст


Президент Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки дар Тоҷикистон "маҳдудияти интиқоли барқ” ҷорӣ шудааст.

Сокинон аксари деҳоти кишвар аз охири моҳи сентябри имсол аз қатъ шудани барқ ба хонаҳояшон шикоят доштанд, вале дар бештари маврид мақомот вуҷуди маҳдудият дар интиқоли неруи барқро рад мекарданд ё онро ба корҳои таъмиру бозсозӣ рабт медоданд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми октябр, зимни суханронӣ дар назди фаъолону раҳбарони шаҳри Норак, гуфт, бӯҳрони энергетикӣ хоси бисёр дигар кишварҳо, аз ҷумла, “кишварҳои пешрафта ҳам ҳаст” ва аз корхонаву сокинони Тоҷикистон хост, ки нирӯи барқро сарфакорона истифода кунанд. Ӯ гуфт: “Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст.”

Сафари Раҳмон ба Норак ба муносибати ба кор андохтани як агрегати навшудаи нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ва 50-солагии оғози фаъолияти ин неругоҳи азим сурат мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон дастёбӣ ба истиқлолияти энержиро аз роҳи пурра фаъол кардани нерӯгоҳҳои обии барқии мисли Роғуну Норак аз ормонҳои стратегии кишвар медонад, вале бо вуҷуди талошҳои чандинсолаи пурра ё қисман ба кор андохтани ин тарҳҳои азими бисёрмиллиарддолларӣ, ҳанӯз мушкили таъмини нерӯи барқ ҳал нашудааст.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як чархаи нерӯгоҳи Роғун гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт. Аз он ба баъд, ҳар сол ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ мешуд, вале мақомот онро бо баҳонаҳои мухталиф рад мекарданд.

Аз ин пеш, “Барқи тоҷик” рӯзи 12-уми октябр дар эъломияе гуфт, ҳарчанд обанбори "Норак" то нуқтаи охирин пур аст, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираи об вуҷуд дорад.

Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар мавсими зимистон вазъи бахсус минтақаи дурдасти Тоҷикистон аз назари дастрасӣ ба нирӯи барқу васоили гармидиҳию энержӣ хеле танг мешавад. Бархе мунаққидон мушкилро на танҳо бо кори ҳанӯз нопурраи нирӯгоҳҳои барқии обӣ, балки бо фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояи мисли Афғонистону Узбекистон дар фасли зимистон рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG