Ссылки доступа

Содир Ҷабборов боздоштҳои ахири фаъолон ва сиёсатмадорони Қирғизистонро шарҳ дод


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо расонаҳо боздоштҳои ахири фаъолон ва сиёсатмадоронро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Ҷабборов, афроди боздоштшударо "масъалаи обанбори Кампиробод ҷалб накардааст" ва бисёре аз онҳо "умед доранд, ки дар кишвар дар пайи ин баҳсҳо ҳодисае рух хоҳад дод ва онҳо қудратро соҳиб мешаванд".

"Дар маҷмуъ дар ин масъала ман бо ҳама вориди гуфтугӯ шудам. Ман гуноҳе надорам. Ман ба Узген рафтам, бо мардум мулоқот кардам. Ҳамчунин бо сокинони Бодканд, Чаткала, Ала-Бука мулоқот кардам. Бештар аз 300 кас дар мулоқот буд. Ҳамаи онҳорое даъват кардам, ки қурултой ташкил карда буданд. Касеро ҷудо накардам. Мулоқот бештар аз 7 соат давом кард. Мо табодули фикр кардем, гуфтугӯ ошкоро буд. Дар поёни ин мулоқотҳо зоҳиран ҳама бо дарки масъала берун рафтанд, аммо баъдан ба мавқеи пешинашон баргаштанд. Агар ошкортар ҳарф занем, онҳоро масъалаи Кампиробод ҷалб намекунад. Барои онҳо ин танҳо баҳона аст", - гуфт Ҷабборов.

Вай илова кард, ки тасмим надорад, ба парвандаи сиёсатмадорон ва фаъолони боздоштшуда дахолат кунад.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сиёсатмадорон ва фаъолони ин кишварро, ки рӯзи 24 октябр бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби қудрат боздошт шудаанд, ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Сиёсатмадоррон Равшан Ҷеенбеков, Асия Сасикбаева, Айбек Бусурманкулов, Таалайбек Мадеминов, рӯзноманигор Айданбек Акматов, фаъолон Али Шабдан, Чингиз Капаров то 20 декабри имсол дар ҳабс мемонанд. Ҳамаи онҳо ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё "СИЗО-1"-и Бишкек интиқол ёфтаанд.

Сиёсатмадори дигари қирғизистонӣ Азимбек Бекназаров то 23 декабри имсол ба ҳабс гирифта шудааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмен дар Қирғизистон Атир Абдрахматова гуфт, бархе аз боздоштшудаҳо шикоят кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуқуқҳояшонро поймол мекунанд.

Субҳи 23 октябр мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолон бозҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ҳудуди 21 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар дод, ки бозҷӯӣ ва боздошти ин афрод дар доираи парвандаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG