Ссылки доступа

Дар Узбекистон қонун дар бораи бархурди манфиатҳо қабул шуд


Вакилони палатаи қонунгузори порлумони Узбекистон 25 октябр дар қироати севум лоиҳаи қонун "Дар бораи бархурди манфиатҳо"-ро қабул карданд.

Лоиҳаи қонунро Вазорати адлияи Узбекистон таҳия ва моҳи майи имсол пешниҳод карда буд.

Қонун ба механизми пешгирӣ ва танзими бархурди манфиатҳо, ки ба фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва кормандони онҳо рабт дорад, тамаркуз мекунад.

Фош кардани бархӯрди манфиатҳо тибқи қонун ва пешакӣ талаб карда мешавад. Шахсоне, ки ба ин риоя намекунанд, ҷарима хоҳанд шуд.

Қонунгузории кунунии Узбекистон механизмҳои пешгирии бархӯрди манфиатҳоро пешбинӣ намекунад.

Акмал Бурҳонов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон гуфт, ниҳоди ӯ ҳазорҳо ҳолати бархӯрди манфиатҳоро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардааст. “...Қабули ин қонун барои аз байн бурдани хатарҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ ва аз ҳама муҳимаш, пешгирӣ аз хешутаборбозӣ ва дӯстӣ дар идораҳои давлатӣ хидмат мекунад”, — гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG