Ссылки доступа

"Паранда дар озодист". Илон Маск Twitter-ро бо $44 млрд харид


Асосгузори SpaceX ва Tesla, сарватмандтарин инсони дунё Илон Маск шабакаи иҷтимоии Twitter-ро бо қимати 44 миллиард доллар харид ва роҳбари ин ширкат шуд.

Илон Маск ин хариду фурӯшро бо ибораи "Паранда дар озодист" шарҳ дод. Рамзи шабакаи иҷтимоии Твиттер паранда аст, аммо унвони шабака ҳамчун "хониши парранда" тарҷума мешавад.

Рӯзи 27 октябр Маск навори вурудаш ба коргоҳи асосии Twitter-ро нашр кард.

Ба иттилои расонаҳо, Маск мудири иҷроияи Твиттер Параг Агравал, мудири молӣ Нед Сигал, роҳбари бахши ҳуқуқӣ Видҷай Гадде ва мушовири ҳуқуқии ширкат Шон Эдҷеттро аз кор рондааст. Ба гуфтаи Маск, ин афрод ӯ ва сармоягузоронро дар мавриди теъдоди саҳифаҳои дурӯғин дар шабака ба сардаргумӣ бурдаанд.

Интизор меравад, ки Маск то замони интихоб кардани роҳбари нави ширкат иҷрокунандаи вазифаҳои роҳбар хоҳад буд.

Маск гуфт, вай Твиттерро ба хотири он харидорӣ кардааст, ки одамон дар оянда "майдони рақамие барои гуфтугӯ"-ҳои мухталиф дошта бошанд. Вай пештар ваъда карда буд, ки харҷи ширкатро кам ва онро рақамитар, дӯстонатар ва меҳмоннавозонатар хоҳад кард.

Гуфтугӯҳои Маск барои хариди ширкат ҳанӯз дар моҳи апрели соли ҷорӣ шуруъ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG