Ссылки доступа

Дар Қирғизистон вазъи фавқулодаи марбут ба коронавирусро аз 1 ноябр бекор мекунанд


Вазъи фавқулодаи марбут ба вабои коронавирусро дар Қирғизистон аз 1 ноябр бекор мекунанд. Дар ин робита раиси девони вазирони он кишвар Оқилбек Ҷабборов қароре имзо кардааст.

Дар қарори раиси девони вазирон омадааст, ки дар кишвар вазъи эпидемиологии марбут ба коронавирус ба эътидол омада, камшавии теъдоди гирифторон идома дорад.

Вазъи фавқулодаи марбут ба вабои коронавирус дар Қирғизистон моҳи марти соли 2020 ҷорӣ шуда буд.

Пештар аз ин ситоди мубориза бо коронавирус дар Қирғизистон хабар дод, ки ҳамаи вилоятҳои он кишвар дар минтақаи сабз қарор доранд. Дар 8 моҳи соли 2022 дар Қирғизистон 21 ҳазору 335 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки ҳамаи ин ҳолатҳо сабук ва бидуни аломат будаанд.

XS
SM
MD
LG