Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон шикояти фаъолон зидди КМИР-ро рад кард


Додгоҳи олии Қазоқистон шикояти ду фаъоли мадании маҳаллӣ зидди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишварро барои сабтином накардани номзадҳои худпешбар ба мақоми президентӣ рад кард.

Зидди КМИР Қазоқистон фаъолон Антон Фабрий ва Умар Жумагулов шикоят бурда буданд.

Ба гуфтаи Фабрий, онҳо 6 октябр барои сабтином кардани номзадии худ тариқи худпешбарӣ ба мақоми президентии Қазоқистон ба КМИР рафтанд. Аммо масъулони КМИР 11 октябр дархости онҳоро рад карданд.

Фабрий ва Жумагулов 21 октябр зидди КМИР ба Додгоҳи олии Қазоқистон шикоят бурданд.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. Президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд.

Аз замони касби истиқол дар соли 1991 ҳеч кадом интихоботҳои Қазоқистон аз сӯи нозирони ғарбӣ озод ва одилона баҳо дода нашудаад.

XS
SM
MD
LG