Ссылки доступа

Дар саросари Украина бонги хатар дубора садо дод


Дар тамоми қаламрави Украина, ба ҷуз аз минтақаҳои ишғолшудаи ин кишвар аз сӯи Русия бонги хатари ҳавоӣ зада шуд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар Киев, Харков, Запороже ва шаҳрҳои дигари ин кишвар таркишҳо рух додааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ иттилоъ медиҳад, ки дар Киев "таркишҳои зиёд" рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, баъди таркиш нерӯи барқ ва иртибот қатъ шудааст. Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, "дар натиҷаи ҳамлаҳо ба зербиноҳои муҳим як қисми пойтахт аз нерӯи барқ маҳрум шуд. Дар баъзе аз минтақаҳо интиқоли об низ қатъ гаштааст".

Шаҳрдори Харков Игор Терехов дар Телеграм навишт, ки дар ин шаҳр ду таркиш ба амал омад. Ба гуфтаи ӯ, як иншооти муҳимми зербиноӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Фаъолияти метрои Харков ҳам гаштааст.

Масъулони шаҳрҳои дигари Украина низ аз рух додани таркишҳо дар минтақаҳои худ хабар медиҳанд.

Вазорати дифои Русия ҳамлаи мушакӣ ба минтақаҳои Украинаро то ҳол шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG