Ссылки доступа

Эълонҳои пайиҳам дар бораи ҷавонони гумшудаи тоҷик дар Русия. Онҳо куҷо шуданд?


Акрамҷон Шоисматов ва Саддам Садиров
Акрамҷон Шоисматов ва Саддам Садиров
Пас аз фармони сафарбарии сарбозони иловагӣ ба артиши Русия ва ҷанги Украина эълон дар бораи ҷавонони гумшудаи тоҷик дар ин кишвар афзудааст. Фақат дар моҳи октябри имсол тақрибан 10 нафар аз бедарак шудани фарзанд ва ё бародарашон ба Радиои Озодӣ хабар додаанд. Онҳо аз 20 то 30-сола ҳастанд.
Хешовандони ҷавонони бедаракшуда тахмин мекунанд, ки онҳоро ба артиши Русия ва ё ба ҷанг дар Украина бурдаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиатҳоро дар бораи гум шудани муҳоҷирон тасдиқ кард. Мақомоти Русия дар бораи нопадид шудани ҷавонони тоҷик хабаре надоданд.

Ин мавзуъ пас аз он доғ шуд, ки хабари кушта шудани Эҳсон Аминзода, як муҳоҷири тоҷик, баъди панҷ рӯзи нопадид шудан дар тамрингоҳи Белгород расонаӣ шуд.

Акрамҷон Шоисматови 24-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 10-уми октябр, ҳамон рӯзе, ки Эҳсон Аминзода нопадид шуда буд, барои пайвандонаш дастнорас гашт. Холааш, Сайёра Азизова, ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш се сол боз дар анбори сабзавот кор мекард ва рӯзи 10-уми октябр аз мудираш барои таъмири телефон ду соат ҷавоб пурсиду бедарак шуд.

"Ҳамеша аз аҳволи худ хабар медод ва нияти ба ҷое рафтан надошт. Ба милиса муроҷиат кардем. Нозири милиса гуфт, аз сарҳад набаромадааст. Ба комиссариатҳои ҳарбӣ дархост додем. Фикри мо ҳамин аст, ки ӯро ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва аз онҷо пайдо мекунем," – афзуд ӯ.

Саддам Садирови 20-сола аз Душанбе рӯзи 5-уми октябр аз маҳаллаи Мири шаҳри Маскав гум шудаааст ва то ин дам бо наздиконаш дар тамос нест. Ба қавли пайвандонаш, он рӯз гуфтааст, ба назди дӯстонаш меравад.

Ҳусумбону Назарова, модари Саддам Садиров, гуфт, ба пулиси Маскав муроҷиат карданд, вале бо гузашти беш аз ним моҳ посухе нагирифтанд. Саддам Садиров ва бародараш як сол пеш ба муҳоҷират рафта, дар ширкати роҳсозӣ дар вилояти Маскав кор мекардаанд.

Мақомоти Русия дар бораи нопадид шудани ҷавонони тоҷик ҳеч шарҳе надодаанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи нопадид шудани шаҳрвандон муроҷиат гирифтанд.

“Мақомоти милиса аризаро дар бораи гумшудаҳо қабул мекунанд. Бисёре аз наздикони гумшудаҳо фикр мекунанд, ки онҳо ба Украина рафтаанд. Мо дар бораи маҷбуран ба Украина бурдани шаҳрвандон муроҷиат нагирифтем,” -- гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, нопадид шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бо ҳамкоронаш таҳқиқ кардаанд. "Баъзе аз муҳоҷирони нопадидшуда ихтиёрӣ ва ё бо роҳҳои дигар ба артиш ҷалб шудаанд. Гурӯҳи дигарро барои кор ба шаҳрҳои аз ҷониби Русия ғасбшудаи Украина, ба мисли Мариупол, бурдаанд," – гуфт ӯ.

Дар ин миён, ба қавли Ёров, шахсоне низ ҳастанд, ки нопадид шудани онҳо ба мавзӯи Украина рабт надорад, вале шумораашон хеле кам аст.

“Дар Русия муҳоҷирон зиёданд ва моҳе хабари гум шудани ду-се нафар ба дасти мо мерасид. Дар як моҳи охир бисёр шуд. Бархе пас аз ним моҳ аз худ хабар додаанд, ки дар Мариупол ҳастанд. Хабари ду-се нафари дигар аз артиш омад,” – афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ санадеро дастрас кард, ки дар он номи ҳазорон нафар барои сафарбарӣ ба артиш ва ҷанг дар Украина сабт шудааст. Дар ин рӯйхат садҳо нафаре ҳаст, ки ному насабашон ба шаҳрвандони Тоҷикистон монанд аст.

Эълонҳои пайиҳам дар бораи ҷавонони гумшудаи тоҷик дар Русия
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:53 0:00

Баъзе аз онҳое, ки чанд рӯз боз аз нопадид шудани фарзандонашон суҳбат мекарданд, ҳоло мегӯянд, онҳоро пайдо кардаанд, аммо ҷузъиёт намедиҳанд. Бурҳони Саттор, сокини Панҷакент, ки қаблан аз нопадид шудани писараш, Баҳром Бурҳонзодаи 23-сола, дар рӯзи 10-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буд, ҳоло мегӯяд, ӯро ёфтааст, вале бо чашмаш надида.

Ӯ рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, чор рӯз пеш писараш занг зад, вале тафсилот надод. "Телефонашро гум кардааст. Аз телефони як рафиқаш занг зад ва гуфт, дар Маскав аст ва ӯро наҷӯем," – гуфт ҳамсуҳбати мо. Вақте хостем, телефони рафиқи писарашро ба мо бидиҳад, ин мард гуфт, оинаи телефонаш шикаста асту рақамро дида наметавонад.

Каримҷон Ёров мегӯяд, пас аз онки Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш даъват кард, ба шаҳрҳои ғасбшудаи Украина барои кор нараванд ва ширкати онҳоро дар ҷанг ҷиноят донист, зоҳиран муҳоҷирон пинҳонкор шудаанд.

“Мақомоти Русия намехоҳанд, ки онҳо дар артиш ё дар сохтмонҳои минтақаҳои ғасбшуда аз телефон истифода кунанд. Онҳое ҳам, ки ихтиёрӣ рафтаанду шаҳрвандӣ надоранд, манфиатдор нестанд, ки худро ошкор кунанд. Онҳое, ки маҷбурӣ ҷалб шудаанд, бо ҳар роҳе ба пайвандони худ хабар медиҳанд,” -- гуфт ӯ.

Дар ин миён як ҳолате низ сабт шуда, ки ҷавони гумшуда дар Русияро дар Тоҷикистон пайдо карданд. Муҳаммад Дилшодбойзода, як муҳоҷири тоҷик, ки рӯзи 10-уми октябр дар Русия нопадид шуда буд, дар сарҳади Афғонистон боздошт шуд.

Ҳар сол садҳо ҳазор нафар, асосан ҷавонон, аз Тоҷикистон барои кору дарёфти маоши муносиб ба Русия мераванд. Мақомоти Русия шумораи умумии муҳоҷирони тоҷикро ду миллион нафар ҳисоб кардаанд, аммо ҷониби Тоҷикистон теъдоди онҳоро 600 ҳазор номидааст.

XS
SM
MD
LG