Ссылки доступа

Суратҳисоби бонкии бахши қирғизии Озодиро бастаанд


Мақомоти Қирғизистон суратҳисоби бонкии бахши қирғизии Радиои Озодиро бастаанд.

Намояндагони "Демирбонк" рӯзи 31-уми октябр тасдиқ карданд, ки дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар огоҳинома гирифтанд.

Ҳафтаи гузашта сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон барои ду моҳ баста шуд.

Вазорати фарҳангу иттилоти Қирғизистон рӯзи 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номид. Ба бовари мақомот, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст.

Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол ва таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG