Ссылки доступа

Як кумитаи порлумони Қирғизистон созишномаи обанбори Кампирободро бо Узбекистон тасдиқ кард


Кумитаи порлумонӣ оид ба корҳои байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати Қирғизистон созишномаи ин кишварро бо Узбекистон дар мавриди идораи муштараки обанбори Кампиробод тасдиқ кард.

Ҳангоми раъйдиҳӣ аъзои кумитаи мазкур Адахан Мадумаров, Чингиз Айдарбеков ва Нуржигит Қодирбеков бо нишони эътироз ҷаласаро тарк карданд.

Мадумаров дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, дар тарҳи созишнома Узбекистон чанд шарти печида гузоштааст. "Мо бояд об таъмин кунем. Ҳамчунин бояд обро пок кунем", - гуфт Мадумаров.

Тарҳи созиш бо Узбекистон дар порлумони Қирғизистон пушти дарҳои баста сурат мегирад. Бархе аз вакилон мухолифи ин тарҳ ҳастанд.

Ҳафтаи гузашта бештар аз 20 сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоии дар Қирғизистон, ки мухолифи созиш бо Узбекистон дар мавриди обанбори Кампиробод буданд, боздошт шуданд. Мақомот онҳоро дар омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG