Ссылки доступа

Гуруҳе аз фаъолон аз Ермек Наримбой даъват карданд, гуруснашиниро бас кунад


Рӯзи 31 октябр фаъолони маданӣ ва рӯзноманигорон ба маҳбаси минтақаи аҳолинишини Заречнии вилояти Алмато ба дидори фаъоли мадании Ермек Наримбой рафтанд.

Фаъолон аз вай хостанд, ки гуруснашиниро бас кунад.

"Вазъи Ермек нигаронкунанда аст. Вай ба мулоқот бо такя ба асо омад. Вай заъиф шудааст, вале дар маҷмуъ ҳолаш бад набуд. Танҳо об ва чойи сабз менӯшад. Аз ғизо даст кашидааст. Лоғар шудааст. Аз 115 килограм ба 85 кг расидааст", - гуфт Рисбек Сарсенбой, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт.

Фаъолони зиндонӣ Ермек Наримбой 29 рӯз аст, ки гуруснашинӣ мекунад.

Наримбойи 52-сола дар маҳбаси Заречний адои ҳукм мекунад.

Наримбойро ибтидои соли 2016 бо айби "барангехтани адоват" се сол зиндонӣ карда буданд. Додгоҳ дертар ҳукми ӯро ба маҳдудсозии озодӣ иваз кард. Наримбой бидуни иҷозаи додгоҳ Қазоқистонро тарк карда буд. Вай моҳи феврали соли ҷорӣ аз Украина ба Қазоқистон баргашт ва боздошт шуд. Ӯро барои адои боқимондаи ҳукми пешин ба ҳабс гирифтанд.

XS
SM
MD
LG