Ссылки доступа

Ишқи Маҷнуни тоҷик ва Лайлии қазоқ (гулчин)


USA-DAILYLIFE/

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ишқи Маҷнуни тоҷик ва Лайлии қазоқ.​ Дар як деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Ҷеттисойи Қазоқистон як марди тоҷик ва зани қазоқ суннатҳои роиҷро шикаста, оила барпо карданд. Дар маҳаллаи Фирдавсӣ издивоҷ бо намояндагони миллати дигар кори осон нест. Ҷуфте, ки тавонистаанд, қолабшиканӣ кунанд, ин пайванди худро намунаи дӯстии ду халқ медонанд. (видео)

- Чӣ гуна Гулноза дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маъруф шуд? Гулнозаи Қурбонхон яке аз маҳбубтарин чеҳраҳо дар миёни бонувони ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин аст. Ӯ ронандаи таксӣ аст ва аксар муштариёнаш духтарону занон мебошанд. (видео)

- Хотироти пирамарди дарвозӣ аз буҳрони Куба. Дар ноҳияи дурдасти Дарвози Тоҷикистон марде зиндагӣ мекунад, ки 60 сол пеш шоҳиди як ҳодисаи пурихтилофи сиёсати ҷаҳонӣ буд. Соли 1962 ҷаҳон шоҳиди буҳрони Карhиб, ё буҳрони мушакии Куба буд. Нигаронии асосӣ ин буд, ки буҳрон метавонист ба як ҷанги атомӣ мубаддал шавад (видео)

- "Китобхон" ҷавонони тоҷикро китобхон кард? Дар як гӯшаи YouTube-и тоҷикӣ, ки пур аз барномаҳои мазҳакавӣ аст, барномаеро дидан мумкин аст, ки дар он сӯҳбат фақат аз китобу китобхонӣ меравад. Барнома “Китобхон” ном дорад ва дар бораи афроде аст, ки бо мутолиаи зиёд зиндагии худро тағйир додаанд (видео)

- "Поям афгор шуд. Дастам афгор шуд". Ҳар ҷумъа садҳо нафар дар Кобул барои дидани мусобиқаи гуштӣ гирдиҳам меоянд. Ба майдоне, ки ба гуфтаи паҳлавонон онҷо мусобиқа кардан азоб аст (видео)

- Дар Душанбе гуфтанд, чӣ кор бояд кард, шиканҷа набошад.​ Дар шаҳри Душанбе имрӯз гуруҳе аз муфаттишон, масъулони зиндонҳои Тоҷикистон ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷамъ омаданд ва шеваҳои аз байн бурдани шиканҷаву бадрафтории маъмурони милисаро баррасӣ карданд. (видео)

- Ба Суғд аз терминали нав сафар мекунед.​ Аз охири ҳафтаи гузашта ронандагону мусофирони самти вилояти Суғд аз истгоҳ ё терминали нав истифода мекунанд, ки дар канори шаҳри Душанбе фаъол шуд. Терминали навро ширкати “Тоҷиквнештранс”, ки муассисаш ширкати ”Фароз” аст, бунёд кардааст. (видео)

- Шикояти мусофиркашҳои Бишкек: сӯзишворӣ гарон, роҳкиро арзон (видео)

- Давлати пирӣ бо 146 сомонӣ нафақа. Аҳрор Бобоев ва ҳамсараш, Тоҷинисо Муъминова, аз шаҳраки Ҳисор якҷоя 518 сомонӣ нафақа мегиранд. Шавҳар 372 сомонӣ ва ҳамсар 146 сомонӣ. Мегӯянд, онҳоро асосан фарзандон таъмину нигоҳубин мекунанд, «вагарна пули нафақа ба харҷи рӯзгор комилан мувофиқ нест» (видео)

- Матвеева: "Салом накардани Раҳмону Ҷабборов нороҳаткунанда буд". Пажуҳишгари муқими Лондон, ки мушкилоти марзҳои таъйину аломатгузориношудаи Тоҷикистону Қирғизистонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, шиорҳои меҳанпарастонаву баёнияҳои эҳсосии ду тараф барои мардуми дохил аст ва ҳеч кадоме тарафдори муноқиша нест (видео)

- Ошпазӣ бо таппак, симчӯбҳои худсохт, об аз фосилаи 3 км: зиндагӣ дар деҳаи Катта дар Узбекистон (видео)

- Парвандаи 18-ум. Дар Оқтеппаи Қазоқистон айбдоршавандаҳои ҳодисаҳои Январиро муҳокима мекунанд (нигористон)

- Алишер Саипов. 15 сол дар ҷустуҷӯи ҳақиқат. 24 октябри соли 2007 хабар дар бораи куштори рӯзноманигор дар Ӯши Қирғизистон паҳн шуд (видео)

- Дар Қирғизистон ба хонаводаҳои камбизоат барои тиҷорати хусусӣ маблағ медиҳанд. Аммо онҳо бояд аз ёриҳои давлатӣ даст кашанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG